Навсозӣ: 22 августи 2026. Ҳамин ҳуҷҷат барои ҳамаи 11 барнома (Android ва iPhone) амал мекунад.
Соҳиби барномаҳо ва сомонаи book.1week.tj маълумоти шахсии хонандаро намефурӯшад.
Тоҷикӣ
1. Барнома чӣ кор мекунад
Барномаҳои мобилӣ китобҳои дарсии синфҳои 1–11-ро нишон медиҳанд. Китобҳо аз админкаи ягона дар book.1week.tj гирифта мешаванд. Пас аз боргирӣ китобҳо дар дастгоҳ нигоҳ дошта мешаванд (офлайн).
2. Кадом маълумот ҷамъ мешавад
- Дар дастгоҳ: саҳифаи охирини китоб, феҳристи боргирифта, танзими огоҳӣ — танҳо дар телефон/планшет.
- Интернет: рӯйхати китобҳо, PDF, муқова, танзими реклама ва огоҳиҳо аз сервери book.1week.tj.
- Реклама (Google AdMob): Google метавонад идентификатори рекламаи дастгоҳ ва маълумоти техникӣ гирад, то баннер ва рекламаи пурраэкран нишон диҳад. Мо ин маълумотро намефурӯшем.
3. Кӯдакон
Барномаҳо барои хонандагони мактаб пешбинӣ шудаанд. Тавсия медиҳем, ки волидон насб ва иҷозати огоҳиҳоро назорат кунанд. Мо қасдан маълумоти шахсии кӯдаконро ҷамъ намекунем.
4. Ҳуқуқҳои шумо
Барномаро нест кунед — файлҳои китоб ва танзимот аз дастгоҳ тоза мешаванд. Рекламаро дар танзимоти дастгоҳ маҳдуд кардан мумкин аст. Огоҳиҳоро дар танзимоти система хомӯш кунед.
5. Китобҳо ва ҳуқуқи муаллифӣ
Матни китобҳо аз манбаъҳои таълимӣ, аз ҷумла маводи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифта мешавад. Барнома танҳо барои таҳсил аст. Нусхабардории тиҷоратӣ манъ аст.
6. Тамос
Саволҳо оид ба махфият: https://book.1week.tj/support/